Дар шаҳри Исфара ҷаласаи Кумитаи иҷроияи бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ин шаҳр доир гардида, дар он масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд.
Аз маркази матбуоти ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки раиси Кумитаи иҷроияи бахши ҲХДТ дар шаҳри Исфара Муртазо Эгамов бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифааш озод карда шудааст.
Бо пешниҳоди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дар мувофиқа бо раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон, Бурҳонбек Асадуллоев раиси нави Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Исфара интихоб шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов ба кумитаи ҳизб дар шаҳри Исфара барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда дастурҳо додааст.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.


