Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи ВКД ва Фонди Ҳаннс Зайдели Олмон

Date:



Дар бинои ВКД миёни намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Фонди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон вохӯрӣ доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом изҳори боварӣ кард, ки миёни Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди Ҳаннс Зайдел ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда, минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Дар навбати худ, намояндаи Фонди Ҳаннс Зайдел ҷаноби Макс Георг Майер барои пазироӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки заминаи ҳамкориҳо миёни Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди Ҳаннс Зайдел зиёданд ва Фонди мазкур омода аст, дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд саҳмгузор бошад.

Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Файзалӣ Раҳмон ва роҳбари лоиҳаи Фонди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер Созишнома оиди ҳамкорӣ миёни Академияи ВКД ва Фонди мазкур ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, мавзӯи созишнома амалисозии лоиҳаи мусоидат ба рушд ва баланд бардоштани сатҳи дониши шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар бар мегирад, ки тибқи он интихоби номзадҳо барои таҳсил аз рӯи лоиҳа, ташкил ва тайёр намудани барномаҳои таълимӣ, коркард ва чопи маводҳои таълимӣ, инчунин ташкили курсҳои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва семинару курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби омӯзгорони Тоҷикистону Олмон дар назар дошта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...