Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи ВКД ва Фонди Ҳаннс Зайдели Олмон

Дар бинои ВКД миёни намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Фонди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон вохӯрӣ доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом изҳори боварӣ кард, ки миёни Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди Ҳаннс Зайдел ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба […]

ASIA-Plus



Дар бинои ВКД миёни намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Фонди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон вохӯрӣ доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом изҳори боварӣ кард, ки миёни Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди Ҳаннс Зайдел ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда, минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Дар навбати худ, намояндаи Фонди Ҳаннс Зайдел ҷаноби Макс Георг Майер барои пазироӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки заминаи ҳамкориҳо миёни Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди Ҳаннс Зайдел зиёданд ва Фонди мазкур омода аст, дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд саҳмгузор бошад.

Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Файзалӣ Раҳмон ва роҳбари лоиҳаи Фонди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер Созишнома оиди ҳамкорӣ миёни Академияи ВКД ва Фонди мазкур ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, мавзӯи созишнома амалисозии лоиҳаи мусоидат ба рушд ва баланд бардоштани сатҳи дониши шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар бар мегирад, ки тибқи он интихоби номзадҳо барои таҳсил аз рӯи лоиҳа, ташкил ва тайёр намудани барномаҳои таълимӣ, коркард ва чопи маводҳои таълимӣ, инчунин ташкили курсҳои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва семинару курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби омӯзгорони Тоҷикистону Олмон дар назар дошта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.