КҲФ омодагии кормандонаш ба зимистонро санҷид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади санҷиши омодагии ситодҳои минтақавиаш ба фасли зимистон, аллакай нуҳумин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба бисёрҳарбаро баргузор намуд. Котиби матбуотии Кумита Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мусобиқаҳои доиргардида дар Варзобу Душанбе дастаҳои Маркази наҷотдиҳандагони КҲФ, ситодҳои Кумита […]

Аваз Юлдошев



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади санҷиши омодагии ситодҳои минтақавиаш ба фасли зимистон, аллакай нуҳумин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба бисёрҳарбаро баргузор намуд.

Котиби матбуотии Кумита Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мусобиқаҳои доиргардида дар Варзобу Душанбе дастаҳои Маркази наҷотдиҳандагони КҲФ, ситодҳои Кумита дар Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Кӯлоб ширкат варзида, ҳайати ҳар кадом даста аз 7 нафар иборат буд.

Ба гуфтаи ӯ, дар мусобиқаҳо тарзу усулҳои кори наҷотдиҳандагон дар об, шароити кӯхсор, макони душворгузар  ва ҳангоми офатҳои табиӣ тамрину санҷида шуда, малакаҳои кӯҳнавардии наҷотдиҳандагон сайқал ёфтанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа зинаи аввалро дастаи Маркази наҷотдиҳандагон, мақоми дуюмро наҷотдиҳандагони Душанбе ва ҷойи сеюмро дастаи вилояти Хатлон ишғол намуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо тақдим карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.