Боздошти ҳудуди 500 муҳоҷир дар майдони сохтмони шаҳри Маскав

– Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав ҳудуди 500 нафар муҳоҷиронро дар майдони сохтмон боздошт намудаанд, ки дар он зодагони Тоҷикистон низ машғули кор буда, ба ҳамла ба занон гумонбар дониста мешаванд, – хабар додааст рӯзи чоршанбе ба «Интерфакс» роҳбари хадамоти матбуоти сарраёсати пулиси шаҳр Андрей Галиакберов. «Наздики соатҳои 16-00-и рӯзи чоршанбе кормандони пулиси шаҳр дар […]

ASIA-Plus



– Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав ҳудуди 500 нафар муҳоҷиронро дар майдони сохтмон боздошт намудаанд, ки дар он зодагони Тоҷикистон низ машғули кор буда, ба ҳамла ба занон гумонбар дониста мешаванд, – хабар додааст рӯзи чоршанбе ба


«Интерфакс»


роҳбари хадамоти матбуоти сарраёсати пулиси шаҳр Андрей Галиакберов.

«Наздики соатҳои 16-00-и рӯзи чоршанбе кормандони пулиси шаҳр дар ҳамдастӣ бо кормандони ОМОН ҳамаи роҳҳои даромаду баромади майдони сохтмони воқеъ дар куҷаи Заречная дар ғарби шаҳрро бастанд. Ҳамин тавр рейди пешгирӣ дар доираи амалиёти «Муҳоҷир-2015» оғоз гардид, ки дар ҷараёни он кормандони пулис ҳудуди 500 нафар коргарони аз кишварҳои хориҷи надик ба Маскав омадаро боздошт намуданд», – иброз доштааст А.Галиакберов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи боздоштшудагон ҷиҳати санҷиши қонунӣ будани будубошашон дар қаламрави Русия ва ҳамчунин даст надоштанашон дар содир намудани ҷиноятҳо дар пойтахти Русия ва манотиқи гирду атрофи он ба шуъбаи пулис бурда мешаванд.

Хабаргузории

РИА Новости

дар ин робита менависад, маҳз дар вагончаҳои ҳамин сохтмон ду шаҳрванди Тоҷикистон иқомат доштаанд, ки ба як силсила ҳамлаҳо ба занон дар шаҳри Маскав гумонбар дониста мешаванд ва мақомоти тафтишот оид ба иштироки коргарон дар панҷ ҳамлаҳои ба ин монанд далелҳо дошта, айни замон мавҷуд будани далелҳои нави имконпазир мавриди санҷиш қарор доранд.

Бино ба маълумоти

ТАСС

, субҳи рӯзи чоршанбе кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ боз ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони ҳамла ва дарафтодан ба занон боздошт намуда, эҳтимол меравад, ки онҳо дар на камтар аз панҷ чунин ҳамлаҳо даст доштаанд. Феълан нисбати онҳо чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ гузаронида шуда, дар парвандаи ҷиноӣ боздоштшудагон мутобиқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноии Русия (Роҳзанӣ) айбдор карда мешаванд.

Хбарагузории

РБК

дар ин маврид менависад, тибқи фарзияи ВКД Русия, зимни ҳамла ҷинояткорон ба ҷабрдидагон аз қафо ҳамла карда, бо пораи қубур ё арматураи аз майдони сохтмон бо худ гирифтаашон ба онҳо таҳдид мекардаанд. Дар сурате, ки агар ҷабрдида ихтиёрӣ ҳамаи чизҳои арзишмандашро ба онҳо намедодааст, авбошон ӯро лату кӯб ва зӯран амволашро кашида мегирифтаанд. Аксаран ба занон ҳамла сурат мегирифтааст. Аз шумори дақиқи ҷабрдидагонро дар ВКД хабар надодаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.