Ташрифи ҳайати арзёбии Барномаи БОМКА ба Душанбе

Моҳи июни соли 2015 давраи нави 9-уми Барномаи «Идоракунии сарҳадот дар Осиёи марказӣ» (БОМКА) бо дастгирии молияивии Иттиҳоди Аврупо шурӯъ гардидааст. Татбиқи он дар тули 36 моҳ ба нақша гирифта шудааст. Давраи ҷории Барномаи мазкур бо арзиши 5 млн. евро аз ҷониби Консортсиуми шарикон бо роҳбарии Хадамоти давлатии ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Латвия амалӣ хоҳад шуд. […]

Иттилоияи расмӣ



Моҳи июни соли 2015 давраи нави 9-уми Барномаи «Идоракунии сарҳадот дар Осиёи марказӣ» (БОМКА) бо дастгирии молияивии Иттиҳоди Аврупо шурӯъ гардидааст. Татбиқи он дар тули 36 моҳ ба нақша гирифта шудааст.


Давраи ҷории Барномаи мазкур бо арзиши 5 млн. евро аз ҷониби Консортсиуми шарикон бо роҳбарии Хадамоти давлатии ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Латвия амалӣ хоҳад шуд.

Муаррифӣ намудани давраи ҷории Барномаи БОМКА ва қисмҳои он ба манфиатгирандагони асосӣ, арзёбӣ намудани вазъи кунунӣ якҷоя бо намояндагони мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардани эҳтиёҷот ва самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Барнома аз ҳадафҳои ҳайати арзёбӣ будаанд.

Дар доираи сафар вохӯриҳо бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ анҷом дода шудаанд. Инчунин, ҳайати арзёбӣ бо намояндагони созмонҳои байналмиллалие, ки дар самти идоракунии сарҳад фаъолият менамоянд вохӯрӣ намуданд (Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон ва Намояндагии КОГ СММ).

Ҳайатро полковник Загузовс, Сардори Раёсати маъмурии Хадамоти давлатии ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Латвия роҳбарӣ намуд. Ҳайати мазкур инчунин аз намояндагони дигаре Хадамоти давлатии ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Латвия, Маркази Байналмиллалии Рушди Сиёсати Муҳоҷират, Донишгоҳи техникии Рига ва Раёсати гумрукии Вазорати молияи Ҷумҳурии Литва иборат буд.

Дар назар аст, ҳадафи асосии ин давраи Барнома, ки мукаммал намудани идоракунии сарҳадот дар Осиёи марказӣ мебошад тавассути ҷорӣ кардани ҷузъҳои мураккаби Идоракунии муттаҳидшудаи сарҳадот, кумак расонидан ба мақомоти дахлдор дар рушд ва ислоҳоти сиёсати муҳоҷират, мусоидат ба савдои минтақавӣ ва мукаммал кардани иқтидори мақомоти ҳифзи сарҳад ва муҳоҷират мавриди амал қарор дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.