Медал ба Тоҷикистон дар фестивали байнулмилалии фарҳанги чойнӯшӣ

Бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Ассотсиатсияи хӯрокҳои миллии Озарбойҷон рӯзи 20 октябр дар маркази фарҳангу фароғатии «Хонадон»-и шаҳри Боку таҳти унвони «Фарҳанги чойнӯшӣ дар кишварҳои ҷаҳон» фестивали байнулмилалӣ доир гардид. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Боку, дар ин чорабинӣ сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо оро додани мизи чойнӯшӣ мувофиқи анъанаҳои милии тоҷикон «Гӯшаи […]

ASIA-Plus



Бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Ассотсиатсияи хӯрокҳои миллии Озарбойҷон рӯзи 20 октябр дар маркази фарҳангу фароғатии «Хонадон»-и шаҳри Боку таҳти унвони «Фарҳанги чойнӯшӣ дар кишварҳои ҷаҳон» фестивали байнулмилалӣ доир гардид.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Боку, дар ин чорабинӣ сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо оро додани мизи чойнӯшӣ мувофиқи анъанаҳои милии тоҷикон «Гӯшаи Тоҷикистон»-ро ташкил намуд. Ба тамошогарони фестивал сарулибос ва асбобҳои мусиқии миллии тоҷикон ва ҳамчунин дастархони тоҷикӣ бо навъҳои гуногуни нон ва шириниҳои маъмулӣ пешкаш шуданд.

Ба иштирокчиёни фестивал ва дигар ҳозирин имкон дода шуд, ки натанҳо бо анъанаҳои миллии чойнӯшии тоҷикон ва дигар анъанаҳои миллии марбут ба ин расму оини онҳо шинос шаванд, балки бевосита сари дастархон нишаста, чой нӯшанд ва аз ширинҳо тановул кунанд.

Гуфта мешавад, «Гӯшаи Тоҷикистон» бо Ифтихорнома ва медали Вазорати фарҳанг ва туризм ва Ассотсиатсияи хӯрокҳои миллии Озарбойҷон сарфароз гардонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.