Ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали атлас ва адраси Суғд

Дар анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик – 2015» дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат , пеш аз иштирок дар чорабинӣ бахшида ба иди атласу адрас президенти мамлакат оромгоҳи қаҳрамони меҳнат Саидхуҷа Урунхоҷаевро зиёрат […]

ASIA-Plus



Дар анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик – 2015» дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок кард.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат

, пеш аз иштирок дар чорабинӣ бахшида ба иди атласу адрас президенти мамлакат оромгоҳи қаҳрамони меҳнат Саидхуҷа Урунхоҷаевро зиёрат кард.

Президент ба маҳсули кори дастони ҳунармандон баҳои баланд дод. 9 нафар тарроҳ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд либосҳои миллиро, ки аз навъҳои гуногуни атласу адрас духта шуда буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар ин ҳамоиш тарроҳон аз 30 номгӯ матоъи гуногуни атласу адрас куртаҳоро бо тарҳи милливу ҳозиразамон духта, пешкаши аҳли нишаст карданд.


Зикр гардид, ки айни замон дар вилояти Суғд 80 маркази атласу адрасбофӣ бунёд ёфтааст ва то охири сол ин шумора бояд ба 150 адад расонида шавад. Айни ҳол  наздики 600 нафар занону духтарон ба ҳунаромузӣ ҷалб гаштаанд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳамчун мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар охири барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз руи шартҳои озмун, аз ҷумла беҳтарин атласи Гули бодом, беҳтарин либоси кудакона,  беҳтарин либоси рӯзмарраю расмӣ, беҳтарин либоси қадима ва беҳтарин адрас  ғолибон муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо дар ҳаҷми 10 ва 8 ҳазор сомонӣ муайн карда шуда буд, ки онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард.

Президенти мамлакат ҳамчунин пешниҳод намуд, ки фестивали атласу адрас минбаъд дар сатҳи вилоятӣ не, балки дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.