Давраи омӯзишии ИА барои хизматчиёни давлатии Тоҷикистон

Дар чорчўбаи ташаббуси Стратегияи Волоияти Қонуни Иттиҳоди Аврупо (ИА)- Осиёи Миёна, Донишкадаи Хадамоти Давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 20-21 октябри соли 2015 машварат-семинари омўзишиеро дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо лоиҳаи «Волоияти Қонуни Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Миёна» ва ташкилоти Олмонии Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH доир намуд. Кодекси Тоҷикистон дар бораи тартиботи […]

Иттилоияи расмӣ



Дар чорчўбаи ташаббуси Стратегияи Волоияти Қонуни Иттиҳоди Аврупо (ИА)- Осиёи Миёна, Донишкадаи Хадамоти Давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 20-21 октябри соли 2015 машварат-семинари омўзишиеро дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо лоиҳаи «Волоияти Қонуни Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Миёна» ва ташкилоти Олмонии Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH доир намуд.

Кодекси Тоҷикистон дар бораи тартиботи маъмурӣ аз 5 марти солиа 2007 (бо иловаҳо аз 28 декабри соли 2012) тартиботи таҳия, қабул ва татбиқсозии амалҳои маъмурӣ, баррасии тавсияҳо ва шикоятҳои маъмурӣ ва амалҳои муштараки мақомоти маъмуриро муайян менамояд. Илова бар ин, Кодекси мазкур тартиботи судии низоъҳоеро, ки ба муносибатҳои ҳуқуқии аз Кодекси мазкур бармеомада дахл доранд, ба танзим меорад.

Ин семинар-машварати дурўза барои бист нафар аз кормандони расмии сатҳи баланди сохторҳои иҷроияи давлатӣ, ки Кодекси мазкурро дар доираи фаъолиятҳои маъмурии худ амалӣ менамоянд, равона гардидааст. Мақсади семинар-машварати мазкур аз баланд бардоштани сатҳи фаҳмиш оид ба таксономия, систематика ва муқаррароти қонунгузорӣ оид ба тартиботи маъмурии Тоҷикистон иборат мебошад. Он донишҳоро оид ба мазмуну мундариҷаи Кодекси мазкур мустаҳкам намуда, муқаррароти онро шарҳ медиҳад ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои татбиқи онро пешниҳод менамояд. Дар айни замон, семинар-машварати мазкур сатҳи огаҳии иштирокдоронро дар бораи манфиатҳои яксонсозӣ ва муттаҳидсозии тартиботи умумии маъмурӣ баланд мебардорад.

Ташаббуси Стратегияи Волоияти Қонуни ИА барои Осиёи Миёна сохтори шомили минтақавиро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи Волоияти Қонун, бо мақсади дастгирӣ намудани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Осиёи Миёна ва дастрас намудани таҷрибаҳои ИА, дар бар мегирад. Таҳти сарпарастии Ташаббуси Волоияти Қонун, лоиҳаи минтақавии Платформаи Волоияти Қонун ба сифати як механизми кўмакрасон ва дастгирикунанда дар самти бароҳандозии муколамаи сиёсӣ ва пешбурду мусоидат ба амалисозии тадбирҳо дар самти саҳмгузорӣ ба ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Миёна, амал менамояд. Платформаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо маблағи 1,8 миллион Евро сармоягузорӣ карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.