Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати омӯзгори толибилмро латукӯбкарда

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати омӯзгоре, ки толибилмро мавриди лату кӯб қарор дод, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита иттилоъ дод, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддахои 174 (Иҷро  накардани  уҳдадорӣ оид  ба тарбияи ноболиғ) ва 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон огоз гардидааст. Ёдрас […]

ASIA-Plus



Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати омӯзгоре, ки толибилмро мавриди лату кӯб қарор дод, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита иттилоъ дод, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддахои 174 (Иҷро  накардани  уҳдадорӣ оид  ба тарбияи ноболиғ) ва 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон огоз гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ 

наворе нашр шуд

, ки дар он барои аз дарс дер мондан омӯзгор толибилмро лату кӯб мекунад.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин муаллим Асламшо Султоншоев, омӯзгори фанни риёзиёти Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов дар Душанбе мебошад. Ӯ ҳамчунин роҳбари синфи толибилм Муҳаммадҷон Сулаймонови мавриди латукӯб қароргирифта низ будааст. Ин навори видео моҳи апрели соли равон сабт шудааст. Айни замон Муҳаммадҷон дар Омӯзишгоҳи Душанбе таҳсил дошта, ба балоғат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, худи Асламшо Султоншоев ба

Радиои Озодӣ

дар мавриди ин қазия гуфтааст, ин рафтораш барқасдона ва аз сари ғазаб набуда, танҳо хостааст шогирди дарсгурезашро танбеҳ диҳад.

«Чаҳор рӯз пайиҳам Муҳаммадҷон Сулаймонов аз дарсҳо мегурехт. Ман роҳбари синфи ӯ будам, кӯшиш мекардам, ки шогирдони ман хонандаи боодоб бошанд, аз дарсҳо нагурезанд. Вақте чанд бор барои дарсгурезияш огаҳӣ додам, гӯш накард», – изҳор намудааст ӯ ба Радиои Озодӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.