КҲФ омодагии кормандонаш ба зимистонро санҷид

Date:



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади санҷиши омодагии ситодҳои минтақавиаш ба фасли зимистон, аллакай нуҳумин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба бисёрҳарбаро баргузор намуд.

Котиби матбуотии Кумита Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мусобиқаҳои доиргардида дар Варзобу Душанбе дастаҳои Маркази наҷотдиҳандагони КҲФ, ситодҳои Кумита дар Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Кӯлоб ширкат варзида, ҳайати ҳар кадом даста аз 7 нафар иборат буд.

Ба гуфтаи ӯ, дар мусобиқаҳо тарзу усулҳои кори наҷотдиҳандагон дар об, шароити кӯхсор, макони душворгузар  ва ҳангоми офатҳои табиӣ тамрину санҷида шуда, малакаҳои кӯҳнавардии наҷотдиҳандагон сайқал ёфтанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа зинаи аввалро дастаи Маркази наҷотдиҳандагон, мақоми дуюмро наҷотдиҳандагони Душанбе ва ҷойи сеюмро дастаи вилояти Хатлон ишғол намуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо тақдим карда шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...