Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатии кишварҳо имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ идома бахшид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ва ҷониби Қирғизистонро низ муовини нахуствазири ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев роҳбарӣ мекунанд.
Бино ба гуфти манбаъ, дар гуфтушуниди мазкур ба масъалаҳои сохтмони роҳҳо, пул ва дигар иншооти зербино дар минтақаҳои наздимарзии ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Зикр гардид, ки дар вохӯрӣ атрофи масоили баланд бардоштани сатҳи эътимод миёни мардум дар минтақаҳои наздимарзӣ, роҳандозии ҳамкорӣ ва робитаҳои мустақим дар ин минтақаҳои сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар сурат мегирад.
Манбаъ қайд кард, ки имрӯз муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя А.Маматалиевро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ҳузур мепазирад.
Қобили зикр аст, ки аз 976 километр марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз аломатгузорӣ дар 504 километраш миёни ҷонибҳо мувофиқа шуда, оид ба қисмати боқимонда гуфтушунидҳо идома доранд.


