Кадрҳои тозатаъини мақомоти прокуратура ва суд дар ҳузури президенти мамлакат

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти прокуратура ва судҳо ба вазифаҳо таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат , тағйироти кадрӣ дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Суди олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ сурат гирифт. Ҳамин тавр, дар Прокуратураи […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти прокуратура ва судҳо ба вазифаҳо таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат

, тағйироти кадрӣ дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Суди олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ сурат гирифт.

Ҳамин тавр, дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ кадрҳои нав ба вазифаҳои Сардорони Раёсатҳои назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук ва Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, Директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ, прокуророни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Ҷиликули вилояти Хатлон ва ноҳияи Тавилдара таъин шуданд.

Дар мақомоти судӣ бошад, раисон, муовинони якум ва муовинони судҳо ва судяҳои суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Чкалов, Истиқлол, Ваҳдат, ноҳияҳои Роштқалъа, Вахш, Қумсангир, Спитамен, Рӯдакӣ, Ҳисор, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, роҳбари Дастгоҳи Суди Олии ҷумҳурӣ ва роҳбари Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ғоибназар Амирхоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзозода Хурсандмурод Бурӣ аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод карда шуданд.

Ҳамчунин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бозхонди се нафар узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимова Вера Петровна, Маҳмудов Ҷалолиддин Бурҳониддинович ва Сатторов Акбаралӣ Қурбонович ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Аксари кадрҳои ба вазифаҳои мақомоти прокуратура ва суд таъингардида ҷавонон мебошанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилона, бо дарки баланди масъулият ва дасту виҷдони пок амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.