Тоҷикистону Қирғизистон бори навбатӣ мушкилоти марзиро ҳал карданианд

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатии кишварҳо имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ идома бахшид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ва ҷониби Қирғизистонро низ муовини нахуствазири […]

Аваз Юлдошев



Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатии кишварҳо имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ идома бахшид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ва ҷониби Қирғизистонро низ муовини нахуствазири ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев роҳбарӣ мекунанд.

Бино ба гуфти манбаъ, дар гуфтушуниди мазкур ба масъалаҳои сохтмони роҳҳо, пул ва дигар иншооти зербино дар минтақаҳои наздимарзии ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Зикр гардид, ки дар вохӯрӣ атрофи масоили баланд бардоштани сатҳи эътимод миёни мардум дар минтақаҳои наздимарзӣ, роҳандозии ҳамкорӣ ва робитаҳои мустақим дар ин минтақаҳои сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар сурат мегирад.

Манбаъ қайд кард, ки имрӯз муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя А.Маматалиевро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ҳузур мепазирад.

Қобили зикр аст, ки аз 976 километр марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз аломатгузорӣ дар 504 километраш миёни ҷонибҳо мувофиқа шуда, оид ба қисмати боқимонда гуфтушунидҳо идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.