Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели қатли ду корманди милисаи Исфара

Аз рӯи далели куштори кормандони милисаи Дастаи махсуси зудамали шаҳри Исфара парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нисбати корманди ҳамин дастаи шуъбаи милисаи шаҳри Исфара Хаёлов С.М. мутобиқи моддаи 104, қ. 2, б. «Б»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушии шахс ё наздикони ӯ вобаста […]

Мавлуда Рофиева



Аз рӯи далели куштори кормандони милисаи Дастаи махсуси зудамали шаҳри Исфара парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нисбати корманди ҳамин дастаи шуъбаи милисаи шаҳри Исфара Хаёлов С.М. мутобиқи моддаи 104, қ. 2, б. «Б»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушии шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро кардани ӯ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки куштори ду корманди милиса аз ҷониби ҳамкорашон ба фаъолияти хизматии онҳо ҳеҷ дахле надошта, дар заминаи муноқишаи рухдода миёни онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19 октябр дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, ду нафар кормандони милиса  – Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров

мавриди ҳадафи тири ҳамкори худ

қарор гирифта, ба ҳалокат расиданд.

Ба қавли шоҳидони ин ҳодиса, пас аз куштор корманди милиса ба шуъба омада, бо таҳдид ба навбатдор бо таппонча автоматро гирифта ба кӯча мебарояд ва дар маркази деҳа ба тирхоликунӣ ба ҳаво оғоз мекунад. «Ӯро пиронсолне, ки дар наздикиҳо будаанд, бо як душворие ором мекунанд ва вақте каме ором мешавад, худаш ба сардори милиса занг зада, таслим шуд», – изҳор дошта буданд шоҳидони воқеа.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.