Гавҳар Ҷӯраева: Ин бидуни шакку шубҳа куштор буд (тасҳеҳшуда)

Президенти Фонди «Тоҷикистон», роҳбари Маркази иттилоотиву ҳуқуқии «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Мир 24» андешаи худро нисбати марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови 5-моҳа баён дошт. «Ман чунин мешуморам, ки ин куштор аст ва барои ин ҳатман бояд муҷозот кард», – гуфтааст ӯ. Ӯ бар ин назар аст, ки барои ин […]

ASIA-Plus



Президенти Фонди «Тоҷикистон», роҳбари Маркази иттилоотиву ҳуқуқии «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Мир 24» андешаи худро нисбати марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови 5-моҳа баён дошт.

«Ман чунин мешуморам, ки ин куштор аст ва барои ин ҳатман бояд муҷозот кард», – гуфтааст ӯ. Ӯ бар ин назар аст, ки барои ин мебояд ҷазои ҷиддӣ таъин кард. «Зеро ба ҷуз ҳалок шудани кӯдак, он ба муносибатҳои байнулмилалӣ халал ворид мекунад. Ин бовар ба муҷозоти шахсоне дар Русияро , ки хориҷиёнро ғулом мешуморанд, коста мегардонад», – иброз доштааст Г.Ҷӯраева.

Ба андешаи ӯ, «чизи аз ҳама фоҷеабор барои кӯдак маҳрум сохтани ӯ аз амният буда, минтақаи амнияти ӯ модараш аст ва агар ин девори муҳофиазат хароб карда шавад, кӯдак хеле осебпазир мегардад. Кӯдакро ҳамеша метавон ба дасти хешовандонаш супурд… Лекин ин кор ба тарзи дигар бояд ба иҷро расад, инсонгароёна ва мувофиқи анъанаҳои Русия, на ба он анъанаҳое, ки имрӯз баъзан дар Ғарб роиҷанд».

Муфассалтар дар навори видеоии шабакаи телевизионии «Мир 24».

Идораи «Азия-Плюс» барои маълумоти қаблан носаҳеҳи дар ин хабар интишоршуда аз корбарони сомона маъзарат мехоҳад.

https://www.youtube.com/watch?v=VP_cRa8Wvk0

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.