Дар шаҳри Исфара ҷасади як духтар бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд.
Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки субҳи рӯзи 20 октябр дар дохили бинои сохтмонаш нотамом дар ҷамоати Лаккони шаҳри Исфара ҷасади духтари 25-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуда, ӯро бо миёнбанд аз халаташ буғӣ карда куштаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи «изҳои гарм» ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 29-солаи маҳаллӣ Ҷ.А. боздошт шуда, муайян карда шудааст, ки ӯ дар заминаи хусумати шахсӣ ба ин амал даст задааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.


