Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров доир мегардад, масъалаи бозхонди се узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо пешниҳоди президент мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Вера Наимова, намояндаи ҳизби бо қарори Суди олӣ фаъолияташи мамнӯъ эълоншудаи ҲНИТ Ҷалолиддин Маҳмудов ва ҳамчунин узви ғайриҳизбӣ Акбаралӣ Сатторов пеш аз муҳлат аз аъзогӣ дар КМИР Тоҷикистон бозхонд мешаванд.
Қобили зикр аст, ки фаъолияти Вера Наумова дар КМИР Тоҷикистон ба сифати аъзо бинобар сабаби ба муддати зиёд ба хориҷи кишвар сафар кардан, Ҷалолиддин Маҳмудов бо сабаби моҳи май маҳкум гардидан барои ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа ва раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов бинобар сабаби марги бемаҳал дар моҳи август қатъ карда мешавад.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ» ва ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015», «Дар бораи бозори коғазҳои қимматнок», «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ва тағйироту илова ба Кодекси андоз низ баррасӣ мешаванд.


