Муовини сарвазири Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони ИДМ дар Душанбе

Date:



Дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пагоҳ, 30 октябр дар Душанбе доир мегардад, Ӯзбекистонро муовини нахуствазири ин кишвар Адҳам Икромов намояндагӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин ҷаласа Туркманистонро низ яке аз муовинони нахуствазири ин кишвар намояндагӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 30 октябр дар маҷмааи Кохи Наврӯз баргузор мешавад. Моҳи сентябри соли 2014 дар ин маҷмаа нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ доир гардида буд. Пас аз анҷоми кори ҷаласа барои намояндагони ВАО нишсти хабарӣ барпо карда мешавад.

Аз ташрифи нахуствазирони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова, Озарбойҷон ва Беларус ба Душанбе интизорӣ меравад. Дар кори ҷаласаи нахуствазирони ИДМ дар Душанбе Украина иштирок намекунад.

Рӯзи 30 октябр иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, назди онҳо суханронӣ мекунад. Вохӯрии сарвари давлати Тоҷикистон бо нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Кохи миллат доир мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related