Дар маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и пойтахт имрӯз ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи мазкур нахуствазирони Арманистон – Овик Абраамян, Беларус – Андрей Кобяков, Қазоқистон – Карим Масимов, Қирғизистон – Темир Сариев ва Русия – Дмитрий Медведев ба Душанбе ташриф оварда, Тоҷикистонро дар ин ҷаласа нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.
Дар ҷаласа аз Туркманистон муовини раиси девони вазирон, аз Озарбойҷону Ӯзбекистон – муовинони нахуствазири ин кишварҳо ва аз Украина сафири ин давлат дар Тоҷикистон Виктор Никитюк иштирок мекунанд.
Мутобиқи барномаи сафар иштирокчиёни ҷаласаро нахуст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Сипас иштирокдорони ҷаласа масоили рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуда, пас аз имзои санадҳо аз натиҷаҳои он дар нишасти хабарӣ маълумот дода хоҳад шуд. Дар ин ҷаласа баррасии 40 лоиҳаи санадҳо дар назар аст.



