Хизматрасонии аввалини ирсоли паёмакҳо оид ба вазъи солимӣ дар Тоҷикистон

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо созмони “Ҳайати шафқат” ва ширкати Tcell нахустин хизматрасонии паёмҳо оиди саломатӣ дар Тоҷикистонро оғоз карданд, ки “Солимии мобилӣ” ном дорад. Ин шакли хизматрасони инноватсионӣ аз технологияи мобилӣ истифода бурда, маълумоти муҳимро оиди саломатии занону оилаи онҳо ба воситаи паёмҳои матн, садо ва рақами […]

Иттилоияи расмӣ



Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо созмони “Ҳайати шафқат” ва ширкати Tcell нахустин хизматрасонии паёмҳо оиди саломатӣ дар Тоҷикистонро оғоз карданд, ки “Солимии мобилӣ” ном дорад.

Ин шакли хизматрасони инноватсионӣ аз технологияи мобилӣ истифода бурда, маълумоти муҳимро оиди саломатии занону оилаи онҳо ба воситаи паёмҳои матн, садо ва рақами хадамоти маълумотдиҳӣ, ки занон ба он занг зада, саволҳои иловагӣ вобаста ба саломатӣ ва ғизо дода метавонанд, дастрас мекунад.

Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли Ҳэйден, роҳбари генералии ширкати Tcell ҷаноби Миндаугас Убартас, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бобоҳоҷиева Лола ва роҳбари созмони “Ҳайати шафқат” дар Тоҷикистон ҷаноби Рамеш Сингҳ дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд. Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли Ҳэйден таъкид дошт, ки ин шакли хизматрасонӣ намунаи муҳими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон мебошад ва тавассути чунин ҳамкориҳо ба дастовардҳои мусбат ноил шудан мумкин аст.

Тақрибан 5000 занони синну соли қобили таваллуд дар марҳилаи аввали хизматрасонӣ ба кайд гирифта мешаванд ва ба занҳои ҳомиладор ва модарони кӯдакони синни то 2 сола таваҷҷӯҳи махсус ҷалб мешавад. Ба ҳар зан ҳафтае ду маротиба ба телефони мобилиаш паём дар бораи чунин мавзӯъҳо, монанди усули дурусти синамаконӣ, ғизои тифлу кӯдакони хурдсол, ғизои умумӣ ва усулҳои танзими оила, фиристода мешавад. Илова бар ин, 1000 нафар ихтиёрон-кормандони тандурустии ҷамъиятӣ, ки дар доираи лоиҳаи “Солимии модару кӯдак” оид ба мавзӯъҳои гуногуни тандурустӣ ва ғизо омӯзонида шудаанд, ба занҳо барои беҳтар фаҳмидан ва истифодаи ин паёмҳо дар вақти давраҳои омӯзишӣ ва ташрифи хонагӣ кӯмак мерасонанд.

Ин фаъолият бахши лоиҳаи “Солимии модару кӯдак”-и USAID мебошад ва аз ҷониби созмони “Ҳайати шафқат” дар 12 навоҳии вилояти Хатлон дар минтақаи амалиёти ташаббуси “Ғизо ба хотири фардо” амалӣ карда мешавад. ЮНИСЕФ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи хизматрасонии “Солимии мобилӣ” бисёр дастгирӣ расонданд.

USAID муассисаи пешбарандаи Ҳукумати ИМА мебошад ва якҷоя бо мардуми Осиёи Марказӣ пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодиро барпо месозад.

“Ғизо ба хотири фардо” ташаббуси умумиҷаҳонии Ҳукумати ИМА барои мубориза зидди гуруснагӣ ва амнияти озуқаворӣ мебошад. Бо таваҷҷӯҳи махсус ба хоҷагидорони хурд ва махсусан ба занҳо лоиҳаи “Ғизо ба хотири фардо” ба кишварҳои шарик дар рушди соҳаи кишоварзиашон барои мусоидат ба рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати афзоиши даромад ва коҳиши сатҳи гуруснагӣ, камбизоатӣ ва камғизоӣ дастгирӣ мерасонад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.