Ҷамъоварии беш аз 266 ҳазор тонна ҳосили пахта дар Тоҷикистон

Сарфи назар аз боришоти рӯзҳои хир дар кишвар, кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахтаро идома медиҳанд. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҶТ дар ин робита хабар доданд, шурӯъ аз оғози маъракаи ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 266 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки тақрибан 67% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ба иттилои […]

ASIA-Plus



Сарфи назар аз боришоти рӯзҳои хир дар кишвар, кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахтаро идома медиҳанд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҶТ дар ин робита хабар доданд, шурӯъ аз оғози маъракаи ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 266 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки тақрибан 67% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, кишоварзон ҳамарӯза то 2,8 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, айни замон дар майдони кишти пахтаи ҷумҳурӣ қариб 95 ҳазор нафар машғули ғунучини ҳосиланд.

Қайд шуд, ки то имрӯз дар вилояти Хатлон – беш аз 196 ҳазор тонна, вилояти Суғд – зиёда аз 65 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ – беш аз 5,6 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ имсол то охири мавсим дар маҷмӯъ ҷамъоварии ҳудуди 399 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шудааст. Имсол пунбадона дар майдони ҳудуди 180 ҳазор гектар кишт шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар саросари кишвар дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.