Як ҳайати бонуфузи шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин таҳти раҳбарии узви Кумитаи доимии Ҳизби коммунисти Чин дар ин дар ноҳия Чжу Хайлун аз 31 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Душанбе қарор доштанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ҳадаф аз ин сафар таҳкими робитаҳои бародаршаҳрҳо – Душанбе ва Урумчӣ ва ҳамчунин густариши бештари ҳамкориҳо миёни ин шаҳрҳо аст.
Дар ҳайати мазкури ҷониби Чин ба ҷуз раҳбарияти Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур ҳамчунин роҳбарони шаш корпоратсияҳои бузурги саноатии ин минтақа низ ҳузур доштанд.
Меҳмонон аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки аз ҷониби мутахассисони Чин ва бо сармоягузории ин кишщвар бунёд мегардад ва ҳамчунин аз боғи фарҳангу истироҳати «Боғи Пойтахт», маҷмааҳои «Наврӯзгоҳ», «Кохи Наврӯз» ва КВД «Пойтахт-90» боздид намуданд.
Зимни вохӯрии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати ин шаҳри Чин масоили рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду саноат, маорифу тандурустӣ ва тиҷорату сохтмон баррасӣ шуданд.
Пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе дар бораи афзоиши сармоягузориҳои ширкатҳову тоҷирони шаҳри Урумчӣ ба иқтисоди пойтахти Тоҷикистон ва ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштаракро ҳайати Чин дастгирӣ намуд.
Ҳайати шаҳри Урумчии Чин ҳамчунин ба корхонаҳои «Тоҷиктекстил» ва «Кабел ТАЛКО» низ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.



