Ояндаи наздик Тоҷикистон низоми қабули раводиди электронӣ барои шаҳрвандони 80 кишварро дорад, ки нисбати ин давлатҳо реҷаи ба таври содда додани раводидро муайян намудааст. Дар ин бора
дар мусоҳиба ба АМИТ «Ховар»
муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ амалисозии якчанд лоиҳаҳо оид ба электронӣ кардани хизматгузориҳои давлатӣ, таҳкими амнияти миллӣ дар бахши назорати сарҳадҳоро дар нақша дорад.
О.Раҳмон таъкид месозад, ки амалӣ намудани лоиҳаҳои муваффақ оид ба ҷорӣ намудани “раводиди электронӣ” ва шабакаи иттилоотии электронии раводиди Тоҷикистон бе ташкили инфрасохтори дахлдор дар низоми сарҳадии кишвар ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, на танҳо тамоми сафоратҳо ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа бо вазорат, балки тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон бо якдигар пайваст шуда, ба низоми ягонаи идоракунӣ табдил хоҳанд ёфт.
«Илова бар ин, тамоми сафоратҳо ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа бо барномаи махсуси идоракунии таҳияи раводид ва тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи махсуси идоракунии вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони он таъмин мегарданд, – иброз доштааст ӯ. – Боиси қайд аст, ки ниҳодҳои зикршуда инчунин бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла: сканерҳои изи ангушт, таҷҳизот барои хониши шиносномаҳои биометрӣ, таҷҳизоти аксбардорӣ, сканерҳои нусхабардорӣ ва ғ. муҷаҳҳаз карда мешаванд. Дар ниҳоят, Вазорат дорои низоми ягонаи идоракунии раводид ва сарҳадбонони кишвар бошанд, дорои низоми ягонаи идоракунии сарҳадӣ мегарданд».
Ӯ зикр кардааст, ки раводиди электронӣ як намуди раводидест, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода шуда, барои судури раводиди электронӣ барнома ва сомонаи махсус ташкил карда мешавад.
Муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин таъкид намудааст, ки ҳоло танҳо чанд кишвар, аз ҷумла: Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Баҳрайн ва ғайра низоми «раводиди электронӣ» доранд ва дар ояндаи наздик Тоҷикистон низ ба сафи онҳо шомил хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, сатҳи хизматрасонии Шабакаи иттилоотии электронии Тоҷикистон ба низоми додани раводиди Шенгенӣ баробар мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо як ширкати фаронсавӣ, ки миёни 8 ширкати ватаниву хориҷӣ дар озмуни байнулмилалӣ оид ба роҳандозии ин низом ғолиб дониста шуд, барои татбиқ намудани нақшаҳои зикршуда дар давоми нимсолаи аввали соли 2016 кӯшиш ба харҷ дода истодааст.



