Талабот ба адвокатҳо дар Тоҷикистон пурзӯртар мешавад



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро дастгирӣ намуд.

Зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун назди вакилони парлумон, вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки онҳо қабл аз ҳама барои беҳбуди хизматрасониҳои адвокатӣ ба аҳолӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи касбии адвокатҳо нигаронида шудаанд.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои мазкур, минбаъд ба шахсони қаблан маҳкумшуда бидуни назардошти муҳлати суд шудани онҳо, машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистон манъ карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба шахсоне, ки барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ ё риоя кардани савганди ёдкарда аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз кор озод карда шудаанд, дигар ба машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ дода намешавад.

Шахсоне, ки забони тоҷикиро намедонанд ва ҳамчунин афроде, ки шаҳрвандии Тоҷикистон надоранд, минбаъд ба аҳолӣ хизматгузориҳои адвокатиро пешниҳод карда наметавонанд.

Дар ин робита раиси палатаи поёнии парлумон савол дод: «Агар шахс аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ барои риоя накардани интизоми меҳнат аз кор озод шуда бошад, оё минбаъд ӯ метавонад ба фаъолияти адкокатӣ машғул шавад?»

Вазири адлияи ҷумҳурӣ дар посух изҳор намуд, ки вайрон кардани интизоми меҳнат ва риояи савганди ёдкарда мафҳумҳои гуногунанд. «Дар ҳолати вайрон шудани интизоми меҳнат, муҷозот мутобиқи талаботи Кодекси меҳнат сурат мегирад, риоя накардани савганди ёдкарда бошад, ин аллакай ҷиноят аст», – гуфт вазир.

spot_imgspot_img

Популярное