Мақоми 160-уми Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА



Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 4 ноябр ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон боз ду мавқеъро аз даст дода, то зинаи 160-ум поин рафт. Дар ин рейтинг дастаи Тоҷикистон соҳиби 156 имтиёз аст.

Ҳарифони мунтахаби футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В»-и мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 мақомҳои зеринро касб кардаанд: Австралия зинаи 58-ум, Урдун – 99-ум, Қирғизистон – 146-ум ва Бангладеш – 182-юм.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2002 бо касби зинаи 168-ум ба қайд гирифта шудааст.

Бозии навбатии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 санаи 12 ноябр дар Душанбе бо тими мунтахаби Бангладеш баргузор мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное