ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи 1 млн. $ автомашинаҳо тақдим кард



Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба баталйони ҳомии сулҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи умумии 1 млн. доллари ИМА 5 адад автомашинаҳои навъи J-8-и дорои қобилияти ҳаракат дар бероҳаро тақдим намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Зимни супурдани калиди автомашинаҳо ба фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Миралӣ Раҳматзода  кордори муваққатии Вашингтон дар Душанбе Лесли Хейдн изҳор намудааст, ки шурӯъ аз соли 2009 барои муҷаҳҳаз гардонидани баталйони дар боло зикршуда тавассути харидории техникаву таҷҳизот, ИМА ҳудуди 6,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.

Намояндагони сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими оғози сохтмони тамрингоҳи муосир дар қаламрави баталйони ҳомиии сулҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

spot_imgspot_img

Популярное