Кушта шудани кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт



Афроди номалум  ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса субҳи рӯзи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотӣ рух додааст. Шахсони номаълум бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пӯлод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссарияти мазкур Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Гуфта мешавад, дар натиҷа Мирзоев П. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Пас аз чанд муддат шаҳрванд Насибов Ҳ. низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Зимнан аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки  агар оид ба ҳодисаи куштор ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта ягон маълумот дошта бошанд, ба мақомоти милитсия хабар расонанд.

spot_imgspot_img

Популярное