Масоили энергетикаву иқтисод дар маркази гуфтушуниди Тоҷикистону Покистон



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 ноябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Исломобод раҳсипор мегардад.

Нашрияи

Express Tribune

дар ин робита менависад, ин сафари шашуми Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон буда, дар ҷараёни он сарвари давлати Тоҷикистонро ҳайати воломақом бо шумули вазирону дигар мансабдорони сатҳи олӣ ва ҳамчунин як зумра соҳибкорони муваффақ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҷараёни сафар ба Покистон сарвари давлати Тоҷикистон бо нахуствазири ин кишвар Навоз Шариф ва президенти Покистон Мамнун Ҳусейн дидору гуфтушунид мекунад. Зимни мулоқоту гуфтушунидҳо баррасии масоили марбут ба амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки дар он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон пешбинӣ шудааст, дар назар аст.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба имзои созишномаи сеҷонибаи тиҷоративу транзитӣ миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистонро низ баррасӣ мекунанд.

Нашрия иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон ба имзои ин созишнома омода аст, лекин ба он шомил гардидани Ҳиндустонро низ пешниҳод мекунад. Дар ҳамин ҳол, қайд мекунад Express Tribune, бинобар сабаби ихтилофҳои дипломатӣ, Покистон қотеъона ин пешниҳодро напазируфта, нияти ҳеҷ гузаштеро дар ин масъала надорад.

Гуфта мешавад, зимни гуфтушунидҳои Покистону Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ҳамчунин баррасии масоили рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсату иқтисод, зербино, фарҳанг ва амнияту мудофиа низ ба нақша гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное