Раҳпаймоии беш аз 8 ҳазор душанбегиҳо бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи як силсила чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами миллиро, ки ҳамасола санаи 24 ноябр таҷлил мегардад, тасдиқ намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи 24 ноябр бинобар сабаби баргузории чорабиниҳо дар майдони «Дӯстӣ», аз соати 11:00 то 15:00 ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр маҳдуд карда мешавад.

Ҳамин рӯз соати 17:00 дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт раҳпаймоии тантанавӣ ва консерт доир мегардад, ки дар он бо парчами Тоҷикистон дар дастонашон беш аз 8 ҳазор нафар сокинони Душанбе иштирок мекунанд.

Дар ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ дар пойтахт ҳамчунин мизҳои гирд, конфронсҳо ва намоишгоҳҳо баргузор шуда, тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо шиору овезаҳо ба ин муносибат оро дода хоҳанд шуд. Бо қарори раиси пойтахт ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ низ бо нишонаҳои дорои аломати парчами Тоҷикистон таъмин мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное