Ғалабаи бузурги мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо дастаи Бангладеш



Дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар гурӯҳи «В» мунтахаби футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ғалаба ба даст овард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар ин вохӯрӣ ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон Мануҷеҳр Ҷалилов 4 тӯб ва 1 голи дигарро аз зарбаи11-метра Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дар вохӯрии дуюми ин гурӯҳ Австралия дар майдони худ тими Қирғизистонро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В» бо 13 имтиёз (аз 5 бозӣ) дастаи Урдун пешсафи ҷадвал буда, зинаи дуюмро бо 12 имтиёз (аз 5 бозӣ) ғолиби Ҷоми Осиё-2015 – футболбозони Австралия ишғол мекунанд.

Дастаи Қирғизистон бо 8 хол, дар зинаи сеюм, Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар мақоми 4-ум ва Бангладеш бо 1 хол дар зинаи охири ҷадвал қарор доранд.

Вохӯриҳои навбатӣ дар ин гурӯҳ рӯзи 17 ноябр доир гардида, Қирғизистон дар майдони худ бо дастаи Урдун ва Бангладеш низ дар майдони худ бо тими мунтахаби Австалия рақобат мекунанд.

Ду бозии боқимондаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин гурӯҳ соли оянда баргузор шуда, санаи 24 март футболбозони тоҷик дар меҳмонӣ бо тими Австралия бозӣ карда, сипас рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо дастаи Қирғизистонро рақобат мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное