Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Душанбе дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ таҳти унвони «Соҳибкорӣ – нигоҳи иннноватсионӣ ба рушди иқтисод» форуми байнулмилалӣ доир гардида, ҳамчунин дар мавзӯи «Косибии тоҷикӣ: рушди устувор ва ҳамаҷониба» мизи гирд баргузор мешавад, ки дар он Маркази косибӣ муаррифӣ хоҳад шуд. – Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» Конфронси дуюми байнулмилалӣ таҳти унвони  «Телекоммуникатсияҳо, […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар Душанбе дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ таҳти унвони «Соҳибкорӣ – нигоҳи иннноватсионӣ ба рушди иқтисод» форуми байнулмилалӣ доир гардида, ҳамчунин дар мавзӯи «Косибии тоҷикӣ: рушди устувор ва ҳамаҷониба» мизи гирд баргузор мешавад, ки дар он Маркази косибӣ муаррифӣ хоҳад шуд.

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» Конфронси дуюми байнулмилалӣ таҳти унвони  «Телекоммуникатсияҳо, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» ба кори худ идома медиҳад;

– Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 80-умин солгарди зодрӯзи адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори улуми филологӣ, профессор Аълохон Афсаҳзод конфронси илмии байнулмилалӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.6454

сомонӣ;


1

евро –

7.0886

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.10


67



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1994

– Таъсиси ҳафтавори хусусии «Дайджест-пресс».


2012

— Дар вилояти Суғд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои нав дар осоишгоҳи «Баҳористон» мавриди истифода қарор гирифт.


1921-1997

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маъруфхӯҷа Баҳодуров.


1968-2010

– Мавлуди оҳангсоз Ҳафиз Саидов.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -1+4.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +8+13; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона -4+1.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +17+19.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +10+12.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.