Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар метрои Маскав бо изҳои маводи тарканда



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар метрои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, зимни азназаргузаронии ӯ дар дастон, борхалта ва сарулибосаш изҳои маводи таркандаро пайдо кардаанд.

Бино ба иттилои нашрияи

«Взгляд»

, сокини 20-солаи Тоҷикистон Фаррух Д. рӯзи сешанбе барои азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо боздошт шуда, санҷиш бо ёрии дастгоҳи «М-ИОН» маводи нитроглитсеринро дар дастон, борхалта ва сарулибосаш ошкор намудааст.

Дар ҳамин ҳол, ду рӯз қабл дар истгоҳи «Теплый стан»-и хатти ҳаракати Калуга-Рига сокини 28-солаи Ӯзбекистон Сутон С. дар истгоҳ ба зону нишаста,  бо овози паст зери лаб чизе хондааст, ки ин амал таваҷҷуҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷалб кардааст. Дар ин бора нашрияи  

«Известия»

 бо истинод ба хабаргузории

LifeNews

иттилоъ додааст.

Ин мардро барои санҷиши ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи пулис оварда, хадамоти амнияти метро ӯро бо дастгоҳи «М-ИОН» муоина кардаанд. Дастгоҳи муайянкунандаи мавҷудияти буғҳои маводи тарканда дар дастон ва сарулибоси мард мавҷуд будани гексоген ва тротилро нишон додааст. Аз куҷо пайдо шудани ин маводро мард саҳеҳан шарҳ дода натавониста, иброз доштааст, ки дар сохтмонҳои гуногун кор мекунад ва шояд ҳангоми корҳое, ки гоҳ-гоҳ аз онҳо пул кор мекунад, қисматҳое аз ин маводҳо ба ӯ «олуда шуда бошанд»

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараён дорад.

spot_imgspot_img

Популярное