Ояндаи наздик пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ), ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон қомат афрохта буд, кӯчонида мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани пояи сутуни мазкур дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат мегирад.
«Ғайр аз ин, моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пояи сутун бо нишони давлатии Тоҷикистон бунёд гардид. Аз нигоҳи меъморӣ дар як майдон воқеъ будани ду нишон зарурат надорад», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки баландии пояи сутуни нав бо нишони давлатии Тоҷикистон 45 метр буда, паҳнои он 5 метр аст.





