Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу иттилоъ додааст, ки дар садамаи ҳавопаймои мусофирбари русиягии А321 дар нимҷазираи Синай гурӯҳи террористии «Вилояти Синай» гунаҳкор аст, ки яке аз филиалҳои «Давлати исломӣ» мебошад.
Хабаргузории
РИА Новости
меависад, зимни мулоқоти рӯзи сешанбе бо президенти Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сиси дар Қоҳира ӯ изҳор доштааст, ки «боиси нигаронист, ки аллакай муддати як сол дар нимҷазираи Синай филиали Давлати исломӣ – ба ном «Вилояти Синай» амал мекунад, ки ба қатли садҳо бегуноҳон бо шумули шаҳрвандони Русия дар ҳавопаймо даст дорад». «Дар мубориза бо ин созмони террористӣ ба ҳамкории густарда бо Миср омодаем», – гуфтааст ӯ.
Бино ба иттилои
МИР24
, вазири мудофиаи Русия ҳамчунин зикр кардааст, ки «амали терористӣ дар ҳавопаймои Русия ва мавҷи ҳамлаҳои чанде қабл дар Парижу Бейрут ва Анқара рухдода, ҳамчунин хавфи содир шудани амалҳои террористӣ дар дигар кишварҳо гувоҳи онанд, ки терроризм натанҳо ба минтақаи Шарқи Наздику Африқои Шимолӣ, балки барои тамоми ҷаҳон хатар эҷод мекунад.
Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои мусофирбари навъи А321-и ширкати «Когалимавиа»-и Русия рӯзи 31 октябр баъди 23 дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Шарм-у-Шейх ба самти шаҳри Санкт-Петербург ба садама дучор шуда, пораҳои аз ҳам ҷудошудаи он дар масофаи тӯлонии нимаҷазираи Синай сарозер шуданд.
Масъулияти ин амали террористиро, ки бар асари он 224 нафар ба ҳалокат расиданд, созмони террористии «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифт.





