Фатвои Шӯрои уламо оид ба маҳкумияти равияи Салафия



Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар робита ба маҳкум намудани равияи мазҳабии Салафия фатво содир намуд.

Дар

фатвои интишоршуда

қайд мешавад, ки пайравони Салафия дар масҷиду маҳфилҳо корҳои таблиғотӣ бурда, мазҳаби Ҳанафияро таҳқир ва пайравони онро бидъаткор мехонанд, бо уламои суннатӣ баҳсҳо доир намуда, кӯшиш мекунанд дар байни мардум афзалият ва бартарии равияи Салафияро тарғиб кунанд.

Таъкид мешавад, ки «куштор, ғоратгарӣ, одамсӯзӣ ва тамоми даҳшати Сурия, Ироқ, Афғонистону Покистон натиҷаи фаъолияти Салафия аст». «Аъзои ДИИШ пурра пайрави Салафия буда, қариб буд, Сурияву Ироқро аз байн баранд, зеро дар ақидаи салафия мафҳумҳои ватан, миллат, урфу одат, қиёсу истеҳсон вуҷуд надорад. Салафия падидаест, ки аз дини мубини Ислом истифода бурда, миллатҳоро несту нобуд ва давлатҳоро ба фано мебарад», – омадааст дар фатво.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки «ҳамаи амалҳои равияи “Салафия” хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ буда, пайравӣ намудан аз ин равия тибқи далелҳои шаръӣ ҷоиз нест, зеро Салафия мардумро ба гумроҳӣ бурда боиси эҷоди фитна дар байни мусулмонон ва ноамнии кишвар мегардад».

«Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки бо пайравони Салафия муборизаи беамон бурда, ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд», – даъват мешавад дар фатво.

Қобили зикр аст, ки Суди олии Тоҷикистон санаи 8 январи соли 2009 фаъолияти равияи Салафия дар қаламрави кишварро ғайриқонунӣ ва мамнӯъ эълон кард. Ин қарор бо даъвои Прокуратураи генералии Тоҷикистон қабул шуд.

spot_imgspot_img

Популярное