Коршиносон: «тасмими хурӯҷи низомиёни Русия аз Кӯлоб бемаънӣ аст»

Полки 149-уми тирандози моторонидашудаи пойгоҳи 201-уми Русия дар Кӯлоб то нимаи моҳи декабри соли ҷорӣ бояд комилан аз қаламрави ин шаҳр бароварда шавад. Низомиёни рус аз Кӯлоб ба Лоҳур мераванд. Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки Кӯлобро бидуни низомиёни рус гузоштан ба андозае тасмими бемаънӣ аст, ки ин иқдом гумонҳои хеле аз ҳақиқат дурро ба […]

ASIA-Plus



Полки 149-уми тирандози моторонидашудаи пойгоҳи 201-уми Русия дар Кӯлоб то нимаи моҳи декабри соли ҷорӣ бояд комилан аз қаламрави ин шаҳр бароварда шавад. Низомиёни рус аз Кӯлоб ба Лоҳур мераванд.

Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки Кӯлобро бидуни низомиёни рус гузоштан ба андозае тасмими бемаънӣ аст, ки ин иқдом гумонҳои хеле аз ҳақиқат дурро ба бор меоварад.

«Аз Кӯлоб то марзи Тоҷикистону Афғонистон 42 км, аз Лоҳур ҳудуди 300 км ва аз Қӯрғонтеппа наздики 200 км масофа аст, – мегӯяд собиқ сармушовири президенти Тоҷикистон оид ба масоили мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ Зафар Икромов. – Нерӯҳои қисми ҳарбӣ дар Кӯлоб ба сифати қувваҳои захиравӣ барои марзбонон дар ноҳияи Маскав (феълан Ҳамадонӣ) ва қисми ҳарбӣ дар Қӯрғонтеппа барои марзбонон дар Панҷ пешбинӣ шудаанд. Яъне дар Кӯлобу Қурғонтеппа нерӯҳои эҳтиётӣ барои марзбонон ҷойгир шудаанд. Қисмати марз дар ноҳияи Ҳамадонӣ мушкилтарин мавзеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст. Ин минтақаи кӯҳистон буда, ҳатто на ҳар марзбони шӯравӣ низ ба қадри зарурӣ аз уҳдаи ҳифзи он баромада наметавонист».

З.Икромов ба ёд меорад, ки бар асари мавзеи мушкили ин қисмат аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва ҳатто замони марзи Иттиҳоди Шӯравии бузург будани он, афғонҳо қаламрави шӯравиро ғайриқонунӣ убур карда, писта ҷамъоварӣ мекарданд, чорвояшонро мечарониданд ва тилло дарёфт мекарданд, ки ин ҳузурҳои ғайриқонуниро на ҳамеша пешгирӣ кардан имкон дошт.

«Ба андешаи ман, иштибоҳи аввал хурӯҷи марзбонони рус аз сарҳадҳои мо буд, – мегӯяд ӯ. – Чунки бо сабабҳои воқеъӣ нерӯҳои марзбонии тоҷик айни замон дар ҳоли ташаккул қарор доранд. Маҳрум кардани ҳифзи марз бо таҳкими он дар шакли полки 149-ум, яъне роҳ додан ба иштибоҳи дуюм аст».


Маълумоти муфассал оид ба дигар сабабҳои хурӯҷи полки 149-ум аз Кӯлоб ва хатари он ба Тоҷикистонро аз маводи шумораи навбатии имрӯзаи газетаи «Азия-Плюс» дарёфт карда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.