Фатвои Шӯрои уламо оид ба маҳкумияти равияи Салафия

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар робита ба маҳкум намудани равияи мазҳабии Салафия фатво содир намуд. Дар фатвои интишоршуда қайд мешавад, ки пайравони Салафия дар масҷиду маҳфилҳо корҳои таблиғотӣ бурда, мазҳаби Ҳанафияро таҳқир ва пайравони онро бидъаткор мехонанд, бо уламои суннатӣ баҳсҳо доир намуда, кӯшиш мекунанд дар байни мардум афзалият ва бартарии равияи Салафияро тарғиб […]

ASIA-Plus



Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар робита ба маҳкум намудани равияи мазҳабии Салафия фатво содир намуд.

Дар

фатвои интишоршуда

қайд мешавад, ки пайравони Салафия дар масҷиду маҳфилҳо корҳои таблиғотӣ бурда, мазҳаби Ҳанафияро таҳқир ва пайравони онро бидъаткор мехонанд, бо уламои суннатӣ баҳсҳо доир намуда, кӯшиш мекунанд дар байни мардум афзалият ва бартарии равияи Салафияро тарғиб кунанд.

Таъкид мешавад, ки «куштор, ғоратгарӣ, одамсӯзӣ ва тамоми даҳшати Сурия, Ироқ, Афғонистону Покистон натиҷаи фаъолияти Салафия аст». «Аъзои ДИИШ пурра пайрави Салафия буда, қариб буд, Сурияву Ироқро аз байн баранд, зеро дар ақидаи салафия мафҳумҳои ватан, миллат, урфу одат, қиёсу истеҳсон вуҷуд надорад. Салафия падидаест, ки аз дини мубини Ислом истифода бурда, миллатҳоро несту нобуд ва давлатҳоро ба фано мебарад», – омадааст дар фатво.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки «ҳамаи амалҳои равияи “Салафия” хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ буда, пайравӣ намудан аз ин равия тибқи далелҳои шаръӣ ҷоиз нест, зеро Салафия мардумро ба гумроҳӣ бурда боиси эҷоди фитна дар байни мусулмонон ва ноамнии кишвар мегардад».

«Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки бо пайравони Салафия муборизаи беамон бурда, ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд», – даъват мешавад дар фатво.

Қобили зикр аст, ки Суди олии Тоҷикистон санаи 8 январи соли 2009 фаъолияти равияи Салафия дар қаламрави кишварро ғайриқонунӣ ва мамнӯъ эълон кард. Ин қарор бо даъвои Прокуратураи генералии Тоҷикистон қабул шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.