Гумонбарии кормандони беморхонаи Кӯлоб ба азхудкунии беш аз 1,2 млн. сомонӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ сармуҳосиб ва хазинадори беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Одинаев ва Саидхӯҷа Асроров ва ҳамчунин мутахассиси Шӯъбаи хазинадории Раёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Маҳмуд Мирзокаримовро ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ азхудкунии воситаҳои давлатӣ ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт намуданд. Дафтари матбуоти Агентии зиддитфасоди […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ сармуҳосиб ва хазинадори беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Одинаев ва Саидхӯҷа Асроров ва ҳамчунин мутахассиси Шӯъбаи хазинадории Раёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Маҳмуд Мирзокаримовро ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ азхудкунии воситаҳои давлатӣ ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти Агентии зиддитфасоди ҷумҳурӣ дар ин робита менависад, шахсони номбурда бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади ғаразнок ва барои ба даст овардани даромади муфт, дар давоми солҳои 2013-2015 аз ҳисоби даромади маблағҳои хизматрасонии пулакӣ ба воситаи сохтакорона тартиб додани расидҳои бонкӣ аз ҳисоби буҷет ба номи хазинаи Беморхонаи вилояти, №2 шаҳри Кӯлоб, дар 211 ҳолат маблағи 1 млн. 240 ҳазору 500 сомониро азонихуд намуда, ба манфияти шахсияшон сарф намудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ маблағи зикршуда аз гумонбаршудагон ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, дар буҷет барқарор карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон бо моддаҳои 245 (азонихудкунӣ ё камомад) ва 323 (сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол тафтишоти парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад ва сабабу шароитҳои содир гаштани ин ҷиноят муайян мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.