Таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса

Дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар доираи  ҳафтаи Авруосиё бо иштироки зиёда аэ 30 нафар соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса (Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF) таъсис дода шуда, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим ва роҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии соҳибкорони “МЕДЕФ”-и  Фаронса ҷаноби Jean BURELLE Ёддошти тафоҳумро ба имзо расониданд. Тавре […]

Иттилоияи расмӣ



Дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар доираи  ҳафтаи Авруосиё бо иштироки зиёда аэ 30 нафар соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса (Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF) таъсис дода шуда, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим ва роҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии соҳибкорони “МЕДЕФ”-и  Фаронса ҷаноби Jean BURELLE Ёддошти тафоҳумро ба имзо расониданд.

Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF  соли 1989 таъсис ёфта, яке аз калонтарин намояндагии ташкилоти хусусии Фаронса дар ҷаҳон мебошад. Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF дорои зиёда аз 800 ҳазор нафар намоянда дар тамоми ҷаҳон мебошад. Зиёда аз 6.700 ширкатҳои Фаронсаи аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF аллакай дар ҷаҳон фаъолият менамоянд, ки 81 шӯрои Соҳибкорон таҳти роҳбарии 46 менеҷер аз ширкатҳои бузурги байналмилалии  Фаронса мебошанд.  Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF ҳамчун ташкиоти хусусӣ фаъолияти худро бо Бонки ҷаҳонӣ, БАТР, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар бонкҳои рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст.

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи Авруосиё аз санаи 23 то санаи 26 ноябри соли 2015 идома ёфта, дар доираи он Форуми соҳибкорони давлатҳои СҲИР, вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса (Ассотсиатсияи соҳибкорони МЕДЕФ),  мулоқоти доираҳои соҳибкорон ва  ҳамчунин мулоқоти байни вазорату идораҳои кишварҳо ба нақша гирифта шудааст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим дар вохӯрии мазкур назди соҳибкорони бонуфузи Фаронса оид ба иқтидор ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон маърӯза намуд.

ҶонибиТоҷикистонро дар чорабинии мазкур 10 нафар ҳайати соҳибкорон таҳти роҳбарии Қодири Қосим, муовини якуми  вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, муовини раиси Бонки Милии Тоҷикистон ва директори генералии КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.