Мулоқоти директори АНМН бо намояндагони СММ

Дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назарзода бо сармушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ, сардори гурӯҳ оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи форси Департаменти сиёсии СММ Виктор Поляков ва мушовир оид ба корҳои сулҳ ва рушди Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Олег Просик баргузор гардид. Бино ба […]

ASIA-Plus



Дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назарзода бо сармушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ, сардори гурӯҳ оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи форси Департаменти сиёсии СММ Виктор Поляков ва мушовир оид ба корҳои сулҳ ва рушди Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Олег Просик баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, Рустам Назарзода ба меҳмонон дар бораи вазъи кунунии вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Афғонистон маълумот дода, В.Поляков ба вазъ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ва фаъол гаштани гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ мароқ зоҳир намуд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо мақомоти ваколатдори Афғонистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин чораҳои андешидашуда аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, фаъолияти Агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушд батафсил шинос кард.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми вохӯрӣ меҳмонон аз анбори нигоҳдории маводи нашъаовар, тавқифгоҳ ва оташдони махсус барои сӯзондани маводи нашъаовар боздид карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.