Қатли хоҳари ҳомиладору шавҳари ӯ аз пушти гапу калочаи мардум



Суди вилояти Суғд сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қадриддин Ризоевро барои даст доштан дар қатли хоҳари ҳомиладораш ва шавҳари ӯ ба 30 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Додраси суди вилояти Суғд ва раиси мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин парванда Суҳроб Нурализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокин 23-солаи ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қадриддин Ризоев дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2, бандҳои «а», «д», «ж» (Куштани ду шахс ё бештар аз он; зане, ки ҳомилагии ӯ барои гунаҳгор аён аст ва бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок) ва 147, қ. 2, банди «а» (Вайрон намудани дахлнопазирии манзил бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф шудааст.

Ба қавли ӯ, ин фоҷеа санаи 15 августи соли 2015 ба вуқӯъ пайвастаааст. «Ҳамон рӯз Ризоев субҳи барвақт ба хонаи хоҳараш, Д.Г.-и 22-сола ва шавҳари ӯ Р.Г.-23 сола омада, ба сӯи онҳо аз аз милтиқи шикорӣ тир мепарронад, ки дар натиҷа ҳарду дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Он замон хоҳараш дар батнаш тифли 8-моҳа дошт», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар мурофиаи додгоҳӣ маҳкумшуда изҳор доштааст, ки ба содир намудани ин амал ӯро ҳамсояҳо ва сокинони маҳаллӣ водор кардаанд, зеро онҳо ӯро таънаву маломат мекардаанд, ки хоҳараш берун аз қоидаҳои ахлоқу одоб ҳамроҳи ҷавон (шавҳараш) гурехтааст.

spot_imgspot_img

Популярное