Боздошти қочоқбари навбатии афғон дар марз



Шаби 2 ба 3 декабр хизматчиёни ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ ҳамроҳ бо кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ дар яке аз қитъахои марзи дастаи сарҳадбонии Хоруғ шаҳрванди 20-солаи вулусволии Шуғнони Афғонистон Амонулло валади Абдуллоро зимни убури ғайриқонунии марз дастгир карданд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз боздоштшуда 6 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати шаҳрванди кишвари ҳамсоя аз рӯи далели убури ғайриқонунии марзи давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

spot_imgspot_img

Популярное