Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се сокини маҳаллаи Қаротегини пойтахтро бо ҷурми пинҳон кардани туфангчаҳои Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ, ки бо номи Ҳоҷӣ-Ҳалим маъруф аст, боздошт карда, ду тани дигарро дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Бародарон Садриддин, Наҷмиддин, Муборак Мукаммиловҳо ҳоло дар боздошт қарор доранд, вале ду бародари дигари онҳо – Мирзо ва Қаноат ҷустуҷӯ мешаванд.
Бино ба маълумоти
Радиои Озодӣ
, Мирзо Мукаммилови 43-соларо мақомот ронандаи шахсии Абдуҳалим Назарзода муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бародарони худро шомили гурӯҳи генерали ошӯбгар кардааст. Наҷмиддин Мукаммилов, яке аз ин бародарон дар гузашта ронандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов будааст.
Бародарҳо дар ҳоле ба ҷинояткорӣ муттаҳам шуданд, ки аввали моҳи октябр кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур се сокини ин ноҳияро бо ҷурми нигаҳ доштани ду туфангча ва 20 дона тирдон боздошт карданд ва онҳо шоҳидӣ додаанд, ки туфангчаҳоро бо тирдон аз Мукаммиловҳо гирифтаанд.
Ҳоло се тан аз ин бародарон бо моддаи 195-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳ, айбдор мешаванд. Парвандаи онҳо ҳамчун узви гурӯҳи таъсисдодаи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, ки рӯзи 4-уми сентябр даст ба ошӯби мусаллаҳона зад, таҳқиқ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки зимни амалиёти нерӯҳои қудратии ҷумҳурӣ алайҳи гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи генерали ошӯбгар Назарзода аз 4 то 16 сентябри соли равон генерал ва чанде аз ҳамроҳони ӯ (дар маҷмӯъ 25 нафар террористон) кушта шуданд. Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёт 14 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ низ ҷон бохтанд.
Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, генерал Назарзода бо мақсади анҷом додани табаддулоти давлатӣ дар ҳайати 300 нафар гурӯҳ ташкил карда будааст. Тибқи маълумоти расмӣ, то имрӯз беш аз 150 нафар аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудаанд.



