Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) ба шаҳри Маскав рафт.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати мудфоаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадалиев, ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳарбӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон генерал-полковник Юрий Хачатуров доир гардида, дар кори он аъзои Кумитаи ҳарбии мазкур – сардорони Ситодҳои кулли Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳамчунин Дабири кулли СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров ширкат меварзанд.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти СААД, дар ҷаласа баррасии як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таҳдиду чолишҳо ба минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта, тадбирҳои аввалиндараҷаи такмили Артиш (Нерӯҳои дастаҷамъона)-и Созмон ба иҷрои вазифаҳо оид ба таъинот ва таҳкими имконоти ҳарбии СААД, амалиёти Русия дар Сурия ва чораҳои андешида дар робита ба амалҳои душманонаи Туркия нисбати ҳавопаймои Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия дар назар аст.



