Бекор шудани қарори ихроҷи ду муҳоҷири тоҷик аз Русия

Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия суди шаҳри Маскав қарори суди ноҳияи Измайловои ин шаҳр дар бораи ихроҷи маъмурии 2 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русияро бекор кард. Тавре котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов дар ин робита иттилоъ дод, зодагони деҳаи Каҷровути […]

ASIA-Plus


Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия суди шаҳри Маскав қарори суди ноҳияи Измайловои ин шаҳр дар бораи ихроҷи маъмурии 2 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русияро бекор кард.

Тавре котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов дар ин робита иттилоъ дод, зодагони деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ Пӯлодҷон Собирови 46-сола ва Раҳматуллои Иззатуллои 18-сола ба намояндагӣ муроҷиат намуда изҳор доштаанд, ки зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба онҳо имкон надодаанд, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ барои будубош, аз ҷумла патент барои корро пешниҳод намоянд, зеро ҳамон рӯз онҳо фаромӯш кардаанд, ки патентро ҳамроҳи худ ба ҷойи кор биоваранд.

Бо назардошти ҳамаи ҳолатҳо, намояндагӣ ба онҳо ҷиҳати тартиб додани шикоят аз болои қарори суд кумак карда, рӯзи 8 декабр суди Маскав қарори суди ноҳияи Измайлово дар бораи ихоҷи маъмурии шаҳрвандони номбурда ва ҷаримабандӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор рубли русиро бекор намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.