Маҳфили эҷодии Гулназар Келдӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар маркази вилояти Суғд –  шаҳри Хуҷанд маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикстон Гулназар Келдӣ баргузор гардид, ки ба 70-солагии зодрӯзи ин шоири номвар бахшида шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуда, сипас муовини аввали раиси вилояти Суғд […]

ASIA-Plus



Дар маркази вилояти Суғд –  шаҳри Хуҷанд маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикстон Гулназар Келдӣ баргузор гардид, ки ба 70-солагии зодрӯзи ин шоири номвар бахшида шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуда, сипас муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим соҳибҷашнро табрик намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд шоири номии тоҷикро бо санаи фархунда табрик намуда, аз ҷумла зикр дошт: «Дар ҳаёти ҷомеа, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллатҳои мухталифи олам илму маърифат нақши асосӣ дорад. Маҳз донишу ҳунар, мероси илмиву маънавии эчоднамудаи ин қабил бузургон барои рушду нумӯи давлатҳо мусоидат кардааст. Тоҷикон низ бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ доранд. Мо бисёр ифтихор дорем, ки имрӯз дар қатори бузургон адиб, рӯзноманигор, шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», инсони хоксору поксиришт Гулназар Келдиро ном мегирем».

Гуфта мешавад, Гулназар Келдӣ яке аз шоирони номвари муосир мебошад ва имрӯз шеъри вайро натанҳо хонандагон, балки ҳар фарди хурду калони кишвар медонанд ва ӯро мешиносанд. Чакидахои хомаи Гулназар Келдӣ ҳамчун нависанда ва шоир арзишҳои волои маънавӣ, инсонгароӣ, ватанпарварӣ ва табиатдӯстиро ситоиш намуда, мардумро барои дӯст доштани ҳаёт, бовар кардан ба ишқ ва садоқат, ба халқу миллат даъват мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки давлату ҳукумат барои комёбиҳои мехнатӣ ва фаъолияти эҷодиаш, шоирро бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода қадршиносӣ намудааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар маҳфили адабӣ ҳунармандону устодони санъати кишвар таронаҳоро аз ошъори Гулназар Келдӣ сароиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.