Ҳар кадоме аз 35-ум сокини сайёра муҳоҷир мебошад

Шурӯъ аз соли 2000-ум бо қарори Ассамблеяи генералии СММ санаи 18 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир ҷашн гирифта мешавад. Даҳ сол қабл, 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои тамоми муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул кард. Дар изҳороти интишоршудаи СММ дар робита ба ин ҷашн […]



Шурӯъ аз соли 2000-ум бо қарори Ассамблеяи генералии СММ санаи 18 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир ҷашн гирифта мешавад.

Даҳ сол қабл, 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои тамоми муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул кард.

Дар изҳороти интишоршудаи СММ дар робита ба ин ҷашн қайд мешавад, ки ҳукуматҳои ҳамаи кишварҳо бояд ба ҳуқуқҳои муҳоҷирон эҳтиром гузоранд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирон набояд аз суистифодаҳо, истисмор ва зӯроварӣ азият кашанд. Сарфи назар аз мақоми маъмурӣ ё вазъ, муҳоҷирон низ бояд аз ҳамон ҳуқуқҳое бархӯрдор бошанд, ки дигар шаҳрвандон доранд.

Бино ба маълумоти СММ, соли 2013 шумори муҳоҷирони байнулмилалӣ, ки берун аз кишварҳои худ кору зиндагӣмекарданд, 232 млн. нафар ё худ 3,2% аз шумори аҳолии сайёраро ташкил додааст. Соли 2000 шумори муҳоҷирон ба – 175 млн. ва соли 1990 ба – 154 млн. нафар баробар буд.

Тибқи гузоришҳои коршиносон, ҳар кадоме аз 35-ум сокини сайёра муҳоҷир мебошад, ки берун аз қаламрави кишвари худ кору зиндагӣ мекунад.

Муҳоҷирати оммавии корӣ аз Тоҷикистон баъди соҳибисиқол гардидани кишвар ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуда, сарфи назар аз ҳудуди аллакай 20 сол дар қаламрави Тоҷикистон ҳукмфармо будани сулҳу осоиштагӣ, шумори муҳоҷирон кам намешавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз аҳолии беш аз 8-миллионнафараи Тоҷикистон таҳо дар ин ишвар ҳудуди 1 млн. нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин тоҷикистониён барои дарёфти кор муҳоҷират ба Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои хориҷиро ихтиёр мекунанд.

Интиқоли маблағҳои пулие, ки муҳоҷирони корӣ ба оилаҳои худ мефиристанд, қариб ба ба 50%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохлии кишвар баробар аст.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, тӯли 9 моҳи соли буҳронии 2015 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ 1 млрд. 54 млн. доллари ИМА маблағ фиристодаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.