Боздошти тоҷикистонии мавриди пайгард қарордошта дар Русия

Мақомоти пулиси вилояти Свердловски Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки аз соли 2013 ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ дастрас намудани қарзӣ бонкӣ ва сохтакории хидматӣ мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт. Дар ин бора Сарраёсати ВКД Русия дар ин вилоят хабар медиҳад. Тибқи маълумоти пешакӣ, аз моҳи декабри соли 2007 то моҳи феврали соли […]



Мақомоти пулиси вилояти Свердловски Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки аз соли 2013 ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ дастрас намудани қарзӣ бонкӣ ва сохтакории хидматӣ мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт. Дар ин бора Сарраёсати ВКД Русия дар ин вилоят хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, аз моҳи декабри соли 2007 то моҳи феврали соли 2008 марди 50-сола бо раҳбарияти яке аз бонкҳо дар шаҳри Хуҷанд забон як карда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 1,7 млн. сомонӣ қарз мегирад, ки ҳудуди 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Пулҳо гӯё барои сохтмони корхонаи хурди коркарди нахи пахта пешбинӣ шуда, 700 ҳазор сомонии он барои пардохти қарзи дигари ғайриқонунии пештар бо ин васила гирифташуда истифода мешавад. Боқимондаи маблағро ҷинояткорон байни худ тақсим кардаанд», – гуфтааст раҳбари хадамоти матбуоти мақомоти пулиси ин вилоят.

Гуфта мешавад, айни замон шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар ҳабс буда, масъалаи истирдодаш мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки ӯро дар ноҳияи Белоярск, дар бӯстонсарое боздоштаанд, ки дар он ҷо ба ҳайси посбон кор мекардааст ва сипас аз шуъбаи пулиси шаҳри Заречний овардаанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.