Ифтихори кӯлобиҳо аз оғози фаъолияти пуршарафи Пешвои миллат дар ин шаҳр

Дар машварати фаъолони шаҳри Кӯлоб раиси шаҳр Хайруллои Амонулло гуфт, «бо ифтихори хосса изҳор медорам, ки президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршарафи фаъолияташро аз зинаи директори совхоз то ба пешвои умумимиллӣ маҳз аз шаҳри Кӯлоб оғоз намудааст». Қобили зикр аст, ки қабл аз машварат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар минтақаи […]

Турко Дикаев



Дар машварати фаъолони шаҳри Кӯлоб раиси шаҳр Хайруллои Амонулло гуфт, «бо ифтихори хосса изҳор медорам, ки президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршарафи фаъолияташро аз зинаи директори совхоз то ба пешвои умумимиллӣ маҳз аз шаҳри Кӯлоб оғоз намудааст».

Қобили зикр аст, ки қабл аз машварат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ба нишони ҳамраъйӣ ва дастгирии қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар шаҳр раҳпаймоии умумӣ доир гардид.

Зимни суханронӣ дар машварат раиси шаҳри Кӯлоб таъкид дошт, ки соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII, тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб ва аллакай 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

«То ин замоне, ки мо далели пешвои ҳақиқии милллат будани Эмомалӣ Раҳмонро эътироф мекунем, соли 1999 ӯ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шуда, ҳамчунин бо ордену медал ва мукофоту ҷоизаҳои сершумори байнулмилалӣ қадрдонӣ шудааст», – иброз дошт раиси шаҳр.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.